Қоидаҳо оиди истифодаи хизматрасонии пардохтии «ATLASPAY»
ATLASPAY аввалин ҳамёни электронӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои пардохти ҳам хизматрасониҳои хонаводаҳо (барқ, хизматрасониҳои коммуналӣ, телефони хонагӣ) ва ҳам дигар намуди хизматрасониҳо (алоқаи мобилӣ, интернет, пӯшонидани қарзҳо ва ғайра) таъин шудааст.
Ҳамёни электронии ТезПардохт дорои марказҳои ҳисоббаробаркунӣ ва просессинги худ мебошад.
Маркази ҳисолббаробаркунӣ аз маҷмӯи барномаҳои зерин иборат аст:
Системаи ҳисоббаробаркунӣ ва биллинг;
Портали иттилоотӣ барои ташкилотҳои ХМК;
Кабинети шахсӣ;
Огоҳкунии мардум оид ба қарзҳо ба воситаи e-mail ва SMS;
Қабули пардохтҳо, муттаҳидсозӣ бо просессинг;
Чопи марказикунонидашудаи расидҳо;
Ҳисобот ва таҳлил;
Барномаҳои мутаҳаррик барои кормандони ташкилотҳои ХМК ва таҳвилгарони хизматрасониҳо – барои ҷамъоварии иттилоот.
Бартариҳо
Коркард ва нигаҳдории марказикунонидашудаи додашудаҳо. Маҷмӯъ ба ҳамаи ташкилотҳое, ки дар раванди расонидани хизматрасониҳои коммуналӣ ба аҳолӣ иштирок меварзанд, имкони сохтани таҳкурсии ягонаи иттилоотиро медиҳад. Махзани ягонаи иттилоотӣ имкон медиҳад, ки иттилооти таҳлилӣ ҳам барои минтақаҳои алоҳида ва ҳам акси умумии шаҳр ё ҳатто вилоят гирифта шавад;
Ҳосилнокӣ ва суръати баланди кор. Аз ҳисоби ҳалҳои истифодашавандаи техникӣ ва технологӣ кори истифодабарандагон дар система то ҳадди имкон қулай ва осон аст, суръати ҳисоббаробаркуниҳо ва иҷрои амалиётҳои технологӣ бошад, зиёд аст. Ба шарофати истифодаи технологияҳои муосиртарини Oracle эътимоднокии система ва ҳифозати додашудаҳо дар сатҳи олӣ мебошад.
Камталаб ба таҷҳизот. Азбаски ҳамаи барномаҳо дар сервер иҷро мегарданд, чизи асосие, ки барои кори истифодабарандаи ниҳоӣ зарур аст (мизоҷи ширкатҳои идоракунанда ё корманди маркази ҳисоббаробаркунӣ), ин браузер мебошад.
Истифодаи усулҳои криптографӣ имконияти дастрасии берухсатро ба додашудаҳо байн мебарад.
Барои ҳар як истифодабаранда кабинети шахсӣ сохта мешавад. Кабинети шахсии муштарӣ барои муштариёне (истиқоматкунандагоне) таъин шудааст, ки ба онҳо аз ҷониби маркази ҳисоббаробаркунии ҶДММ “Тез Пардохт” хизмат расонида мешавад. Дар кабинети шахсӣ муштарӣ бо ёрии маълумоте, ки корманди ширкати идоракунанда ба вай додааст, авторизатсия карда, метавонад, ки:
Ҳолати ҳисоби шахсии худро, маблағи қарзҳояшро бинад;
Ҳисобварақа-расидро дар шакли электронӣ гирад;
Нишондиҳандаҳои асбобҳои баҳисобгирии ҶДММ “Тез Пардохт”-ро ирсол намояд;
Огоҳиномаҳоро оид ба гузоштани ҳисоб барои хизматрасониҳо ба воситаи почтаи электронӣ ва хабар дар ҳамён гирад.
Маркази просессинги имкон медиҳад, ки:
Шабакаи шоханоки қабули пардохтҳо сохта шавад;
Миқдори дилхоҳи таҳвилкунандагони хизматрасониҳоро пайваст намояд;
Дар як системаи пардохт таҳвилкунандагони хизматрасониҳои гуногунҷинсро муттаҳид кунад;
Ҳамкории онлайни системаи пардохт, таҳвилкунандагони хизматрасониҳо ва истифодабарандагони ниҳоии системаро ташкил кунад.
Бартариҳои истифодаи просессинг барои пардохткунандагон:
Васеъ шудани шабака ва миқдори калони хизматрасониҳо;
Қулай будани пардохт: ҳамаи хизматрасониҳо дар як ҷо мебошанд;
Эътимоднокии пардохтҳо.
Маркази просессинги сатҳи созишнопазири бехатариро таъмин менамояд, зеро бехатарӣ – ҷанбаи муҳимтарини ҳар як системаи пардохт мебошад.
Ҳимояи кабинети шахсии истифодабаранда:
Авторизатсия ба воситаи логин ва парол;
Имконияти ба IP-адресҳои муайян вобаста кардани воридшавӣ ба система.
Муқаррар кардани чорчӯбаҳои иҷозатпазири вақт барои воридшавӣ ба система ва кор бо он.
Оғози кор бо ҳамёни электронии ТезПардохт
Ба қайд гирифтани ҳамён
Ба қайд гирифтани ҳамён бо якчанд роҳ мумкин аст:
Дар сайти хизматрасонӣ;
Ба воситаи барномаи мобилӣ дар платформаҳои iOS ва Android.
Тасдиқи бақайдгирӣ бо ворид кардани рамзи тавлидгардидаи беҳамтои ба воситаи СМС гирифташуда амалӣ мегардад.
Пас аз ба қайд гирифтани ҳамён мизоҷ худи ҳамон вақт метавонад, ки аз он бо ёрии браузери дилхоҳи дастрас, масалан, Internet Explorer, Google Chrome, Mozilla Firefox ё Safari истифода барад. Барои ҳамаи амалҳое, ки бо ҳамён иҷро мегарданд, огоҳиномаҳо ба воситаи СМС ва почтаи электронӣ пешбинӣ шудаанд.
Пур кардани ҳамён
Шумо ҳамёни ТезПардохтро бо якчанд усул пур карда метавонед:
Терминали пардохт: ҳамёнро ба воситаи терминали дилхоҳ бе ҳаққи хизмат пур кунед, тамоми маблағи даровардаи шумо ба ҳисоби ҳамёни шумо гузаронида мешавад;
Қадамҳо:
Тугмаи ТезПардохт-ро дар терминал интихоб кунед;
Рақаме, ба он ҳамён ба қайд гирифта шудааст, ворид намоед;
Пулро ба пулқабулкунак дароред;
Ба воситаи СМС дар бораи маблағи ба тавозуни ҳамён гузашта огоҳинома гиред;
Хизматрасониҳоро пардохт кунед.
Дар оянда имкониятҳои зерини пуркунии ҳамён дар назар аст:
Хизмати хазинавӣ.
Пардохт ба воситаи хазинаи бонкҳо ва филиалҳои онҳо низ бе гирифтани ҳаққи хизмат амалӣ мегардад.
Қадамҳо:
Ба шӯъбаи дилхоҳи Амонатбонк, Ориёнбонк ё Соҳибкорбонк дароед;
Ба хазинадор оид ба нияти пур кардани ҳамёни электронии ATLASPAY хабар дода, рақами телефон ва маблағи барои пардохт лозимиро диҳед.
Оид ба маблағи ба тавозуни ҳамён гузашта ба воситаи СМС огоҳинома гиред;
Хизматрасониҳоро пардохт намоед.
Пур кардани як ҳамён аз дигараш.
Қадамҳо:
Маблағгузаронӣ => Маблағгузарониҳои дохилӣ => Рақами телефонро ворид кунед => Ҳамёни электронӣ.
Корти бонкӣ
Қадамҳо:
Пардохтҳо=> Интихоби хизматрасонии даркорӣ => Рақами телефонро ворид кунед => Тарзи пардохт: KAZKOM =>Маълумот оиди кортро ворид кунед => Пардохт кардан
Ҳамёни электронии ТезПардохт фаъолияти худро мутобиқи оферта пеш мебарад, ки бо он дар муроҷиаи зерин шинос шуда метавонед: https://atlaspay.tj/info/content/oferta.html.