ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ

ҶДММ ТАҚХ «Тамвил» (минбаъд - «ТАМВИЛ»)

 

Дар Офертаи мазкур шартҳои бастани Шартнома оид ба хизматрасониҳои Пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи пулҳои электронии «ТАМВИЛ»  (минбаъд – «Шартномаи хизматрасониҳо» ва/ё «Шартнома») муқаррар шудаанд. Иҷро намудани амалҳое, ки дар Офертаи мазкур қайд шудаанд тасдиқи розигии шахси воқеӣ барои бастани Шартномаи хизматрасониҳо бо шартҳо, дар тартиб ва ҳаҷме, ки дар Офертаи мазкур қайд шудаанд, мебошанд. Матни дар поён қайдшудаи Оферта пешниҳоди оммавии ба шахсони воқеӣ ирсолшудаи «ТАМВИЛ» барои бастани Шартномаи хизматрасониҳо мутобиқи моддаи 467 ва моддаи 469 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шартномаи хизматрасониҳо аз лаҳзаи аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро намудани амалҳое, ки дар Офертаи мазкур пешбини шудаанд пурра ва маънои бечунучаро қабул намудани ҳамаи шартҳои Офертаи мазкурро аз ҷониби шахси воқеӣ бе ягон гуна мусодира ё маҳдудият дар асосӣ ҳамроҳшавӣ дорад, баста шуда ва ба қувва даромада ба ҳисоб меравад.     

    

ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО:

 

Рақами абонентӣ – рақами телефон, ки ба Истифодабаранда аз ҷониби оператори алоқаи мобилӣ ҳангоми бастани шартнома барои хизматрсониҳои алоқаи мобилӣ байни Истифодабаранда ва оператори алоқаи мобилӣ дода шудааст, имконияти ба як маъно муайян намудани Истифодабарандаро дар низоми ҳисоби оператори алоқаи мобилӣ медиҳад.

Тавозуни ҳамёни электронӣ – ҳаҷми ўҳдадориҳои “ТАМВИЛ” дар назди Мизоҷ, ки дар доираи он Мизоҷ ҳуқуқ дорад ба “ТАМВИЛ” талаботро оиди амалӣ намудани пардохтро бо истифодаи Пулҳои электронӣ ва фоидаи Қабулкунанда, пешниҳод намояд. Тавозуни Ҳамёни электронӣ аз ҳисоби воситаҳои пулӣ, ки аз ҷониби Мизоҷ ба фоидаи “ТАМВИЛ” бо мақсади ба даст овардани Пулҳои электронӣ ворид карда шудаанд, фароҳам дода мешавад. 

“ТАМВИЛ” – Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил”, ки баровадан ва пардохти Пулҳои электрониро амалӣ менамояд ва таъмини ҳисоббаробаркуниҳоро аз рўи Пардохтҳо, ки аз ҷониби Мизоҷон бо истифодаи онҳо дар доираи Низоми пардохтии «ТАМВИЛ», ўҳдадор мебошад.

Баровардани пулҳои электронӣ – амалиёте, ки аз ҷониби “ТАМВИЛ” додани пулҳои электрониро ба шахсони воқеӣ – Истифодабарандагон тариқи мубодила ба арзиши номиналии онҳо маблағи пулии баробарро пешбинӣ менамояд.

Воситаҳои пулӣ/пул – воҳиди пулӣ – сомонӣ, ки воситаи қонунии пардохтӣ барои қабул бо нархи эътиборӣ дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пардохтҳо бо истифодаи онҳо дар шакли ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад.

Шартнома – матни Офертаи мазкур бо Замимаҳо ва Иловаҳо, ки қисми ҷудонашавандаи Офертаи мазкур мебошанд.

Истифодаи пулҳои электронӣ – гузашт кардани Пулҳои электронӣ дар доираи Низом аз ҷониби соҳибӣ онҳо – Истифодабаранда ба дигар Иштирокчии низом бо мақсади амалӣ намудани пардохт аз рўи аҳдҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ва/ё дигар амалиётҳо, ки бо гузаштани ҳуқуқӣ моликият ба Пулҳои электронӣ алоқаманд мебошад.

Мизоҷи бақайдгирифташуда (Мизоҷи VIP) - шахси воқеие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҶДММ ТАҚХ "Тамвил" ба қайд гирифта шудааст, ки барои истифодаи ҳамени электронӣ маҳдуд нест.

Амалҳои конклюдентӣ – амалҳои шахсе, ки розигӣ/иродаи ўро барои бастани Шартнома изҳор менамоянд. Амалҳои конклюдентӣ барои бастани Шартнома бо шартҳои Офертаи мазкур зарур, мутобиқи б. 6.2. Офертаи мазкур муқаррар шудаанд.

Мизоҷи аз қайд нагузашта - шахси воқеӣ, ки аз рӯи  тартиби муқарарнамудаи  “Тамвил” дар ҳамёни электронӣ аз қайд нагузаштааст. Мизоҷи аз қайд нагузашта метавонад пардохти хизматрасониро (ҳоро) бидуни воридкунии  маълумотҳои шахсии худ амалӣ намояд (Мизоҷи номаълум) яъне бо тариқи ворид намудани рақами телефони мобилии худ. Имкониятҳои  истифодабарии ҳамёни электронӣ аз тарфи  Мизоҷи аз қайд нагузашта маҳдуд мебошад, барои пур кардан ва нигоҳ доштани маблағ дар ҳамёни электронӣ меъёр муқарар карда мешавад.

Ғайриқонунӣ баровардани пулҳои электронӣ – амалиёте, ки додани пулҳои электрониро ба шахсони воқеӣ тариқи гузаронидани пулҳои электронӣ ба ҳамёнҳои электронӣ на аз ҷониби “ТАМВИЛ” , балки аз ҷониби дигар (шахси сеюм), ки ба низом дастрасиро ба даст овардааст, масъалан кўшиши қалбакӣ баровардани пулҳои электронӣ (бе огоҳии “ТАМВИЛ”  ва бе гирифтани аз ҷониби “ТАМВИЛ”  воситаҳои пулӣ аз Мизоҷ барои дастрасии пулҳои электронӣ), ҳамаи эҳтимолияти намудҳои қаллобӣ ё аз кор баромадани фаъолияти низомро пешбинӣ менамояд.

Шарик – шахси ҳуқуқӣ ва/ё соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шартҳои шартномаи бо “ТАМВИЛ” баста шуда фаъолиятро оид ба қабули воситаҳои пулӣ аз Истифодабарандагон ва/ё Мизоҷон бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои молиявӣ дар назди “ТАМВИЛ”  аз ҷониби охирин, ки бо пайдо намудани Пулҳои электронӣ дар асосӣ шартҳои Офертаи мазкур алоқаманд пайдо гаштаанд, ба роҳ мондааст. 

Пардохт – аз ҷониби Истифодабаранда амалӣ намудани ҳамагуна аз намудҳои амалиётҳои зерин:

  • ба “ТАМВИЛ” ворид намудани арзиши номиналии Пулҳои электронӣ ҳангоми ба даст овардани онҳо;
  • пешниҳоди Пулҳои электронӣ ба пардохти “ТАМВИЛ” бо мақсади ба даст овардани воситаҳои пулии нақдӣ ва/ё мубодила ба воситаҳои пулии ғайринақдӣ бо минбаъда гузаронидани онҳо ба фоидаи Қабулкунанади пардохт;
  • амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо истифодаи Пулҳои электронӣ.

Қабулкунандаи пардохт – шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва/ё шахси воқеие, ки дорои қобилияти пурраи ҳуқуқдорӣ ва амал мутобиқӣ қонунугзории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба манфиати он Мизоҷ Пардохтро бо истифодаи Пулҳои электронӣ амалӣ менамояд.

Истифодабарандаи ҳамёни электрони “Атласпэй”- шахси воқеие, ки дорои қобилияти пурраи амал мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо ТАМВИЛ дар доираи ҳамкории охирин бо оператори Низом оиди истифодабарии Хизматрсонии пардохтии “Атласпэй” тариқи аксепти шартҳои Офертаи мазкур шартнома бастааст. Мизоҷ ва Истифодабаранда метавонанд дар як шахсият мувофиқ бошанд.

Пардохти пулҳои электронӣ – амалиёте, ки аз ҷониби “ТАМВИЛ” оид ба мубодилаи Пулҳои электронӣ, ки аз ҷониби Мизоҷ пешниҳод шудаанд ё зери пардохт бе пешниҳоди Мизоҷ дар ҳолати пешбининамудаи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба арзиши номиналии онҳо маблағи пулӣ, қарор мегиранд, амалӣ мегарданд. 

Қоидаҳо – Муқаррароти Низоми пардохтии «ҶДММ ТАҚХ “ТАМВИЛ” (Оператори низом), Қоидаҳои (Амалиётии) дохилии “ТАМВИЛ” (Оператори низом), ки дар онҳо ҳолатҳое, ки барои амалӣ намудан/пешкаш намудани аз ҷониби “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ Хизматрасониҳо мутобиқи Офертаи мазкур муайян шудаанд.

Андозаи талаби пулӣ – ҳаҷми воситаҳои пулие, ки дар андозаи он Мизоҷ ҳуқуқ дорад ба “ТАМВИЛ” талаби баровардани Пулҳои электрониро бо мақсади амалӣ намудани Пардохтҳоро бо истифодаи онҳо, пешниҳод намояд. Андозаи талаби пулӣ наметавонад аз маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ ё аз маблағе, ки дар тавозуни Ҳамёни электронӣ мебошад зиёд бошад (вобаста аз аҳамияти хурдтари маблағ).

Супориш оид ба амалӣ намудани Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ – ҳуҷҷат дар шакли электронӣ, дорои супориши Мизоҷ ба Қабулкунандаи пардохт, Андозаи талаби пулӣ ва реквизитҳои ҳуҷҷат, ки барои қабули воситаҳои пулӣ аз ҷониби Қабулкунандаи пардохт асос мебошад, бо истифодаи воситаҳои техникӣ тариқӣ каналҳои электронии алоқа, ки мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд.

Тарафҳои Шартнома (Тарафҳо) – “ТАМВИЛ” ва Мизоҷ.

Тарофаҳои “ТАМВИЛ – тарофаҳо/комиссияҳо барои баровардан, истифодабарӣ ва пардохти пулҳои электронӣ (аз ҷумла дигар пардохтҳо барои хизматрасониҳои иловагӣ), ки “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад дар андозае, ки дар Замимаи №1 ба Оферати мазкур муқаррар гаштааст, ки онҳо инчунин дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” ҷойгир карда шудаанд, ситонад.

Терминал – комплексҳои шаклҳои гуногуни барномавию техникӣ аз ҷумла pos-терминалҳо (таҷҳизотҳои махсусгардонидашудаи наздихазинагӣ), таҷҳизотҳои стасионарӣ, таҷҳизотҳои мобилии шакли кисагӣ, терминалҳои сайёр ва дастгоҳҳои хазинавӣ, инчунин web-сервери ҳисоббаробаркунӣ барои мауллифии (авторизатсияи) Транзаксия дар шабакаи Интернет (шлюзи пардохтӣ).  

Нуқати қабули пардохтҳо – воҳидҳои алоҳидаи “ТАМВИЛ” ва/ё Шарике, ки фаъолиятро оид ба қабули пардохтҳо бо иштироки намояндаи салоҳиятдори “ТАМВИЛ” ва/ё Шарик, амалӣ менамояд.

Хизматрасонӣ – хизматрасоние, ки аз ҷониби “ТАМВИЛ” дар доираи Офертаи мазкур ба Мизоҷ иҷро мешавад, аз ташкил ва амалии баровардан, пардохт ва истифодаи Пулҳои электронӣ аз ҷониби Мизоҷ ҳангоми амалӣ намудани Пардохтҳо иборат мебошад.

Иштирокчиёни Низом – Тарафҳои Шартнома (Мизоҷ ва “ТАМВИЛ”), инчунин дигар шахсоне, ки дар раванди амалӣ намудани Пардохтҳо бо истифодаи Пулҳои электронӣ бевосита иштирок менамоянд, нисбати онҳо мутобиқи шартномаи баста шуда оид ба гузаронидан, қабул, истифодабарӣ, пайдо намудан ё амалӣ намудани Пулҳои электронӣ дар доираи Низоми пардохтии «ТАМВИЛ» ҳуқуқ ё ўҳдадори пайдо мегардад.

Расиди электронӣ оиди баровардани пулҳои электронӣ (расиди электронӣ) – ҳуҷҷати дар шакли Замимаи №2 ба Офертаи мазкур муқарраргардидаи дар намуди электронӣ ташаккулшуда, ки дар интерфейси ҳамёни электронии Мизоҷ ҳангоми баровардани пулҳои электронӣ ҷойгир карда мешавад, дорои реквизитҳои ҳатмие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд бо муқаррароти он инчунин дар WEB-сомонаи atlaspay.tj  шинос шудан мумкин аст.

Пулҳои электронӣ – ўҳдадориҳои ҳатмӣ ва бебозхости пулии «ТАМВИЛ” дар назди Мизоҷ, ки дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ба сифтаи воситаи пардохт ва пардохти хароҷотҳои ҳамроҳи ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар Низом истифода мешаванд. Барориши Пулҳои электронӣ аз ҷониби “ТАМВИЛ” дар шакли электронӣ пас аз қабули пулҳо аз шахсони воқеӣ – Мизоҷон ба маблағи баробар ба арзиши номиналии ўҳдадориҳои ба худ қабулкунанда, амалӣ мегарданд. Пулҳои электронии дар доираи Шартнома баровардашуда метавонанд аз ҷониби Мизоҷ танҳо ҳангоми амалӣ намудани Пардохтҳо ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт ва пардохти хароҷотҳои ҳамроҳӣ истифода шаванд.

Ҳамёни электронии «Атласпэй» (Ҳамёни электронӣ) – сабти ҳисоби Истифодабаранда дар Хизматрасонии пардохтии «ТАМВИЛ», ки тариқи маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ (аз ҷумла, вале бе маҳдудият: web-интерфейс, замимаҳои мобилӣ ва замимаҳо барои компутерҳои планшетӣ, таъминоти барномавии Терминалҳо ва ғ.) нигоҳдории Пулҳои электронии Мизоҷ ва/ё дастрасии Мизоҷ ба Пулҳои электронӣ бо мақсади амалӣ намудани Пардохтҳо бо истифодаи онҳо таъмин мегардад. Тартиби бақайдгирии Ҳамёни электронӣ бо қоидаҳои муқаррарнамудаи ҶДММ ТАҚХ «ТАМВИЛ”» оиди истифодаи Хизматрасонии пардохтии «Атласпэй» муайян мегарданд. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад яквақта на зиёда аз як Ҳамёни электрониро ба як Рақами абонентӣ ба қайд гирад.    

WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” – WEB-сомонаҳое, ки дар шабакаҳои Internet дар суроғаҳои электронии: www.tamvil.tj ҷойгир шудаанд.

 

1. Матлаби Шартнома.

1.1. Матлаби Шартномаи аз ҷониби Мизоҷ баста шуда бо роҳи ҳамроҳшавӣ ба Офертаи мазкур тариқи амалӣ намудани амалҳои конклюдентӣ, ки бо Офертаи мазкур пешбини шудаанд, аз ҷониби “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ иҷрои хизматрсониҳо дар доираи Шартнома мебошад.

1.2. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии “Тамвил” аз рӯи шартнома,  мизоҷи аз қайд нагузашта имконият дорад ҳамёни электронии худро ба маблағи на зиёда аз 1000 (як ҳазор) сомонӣ пур намояд, барои мизоҷи аз қайд гузашта, пур кардани ҳамёни электронӣ бемаҳдуд мебошад ва 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ дар як моҳ барои мизоҷи  бақайдгирифтанашуда.

1.3. Натиҷаи ба Мизоҷ иҷро намудани Хизматрасониҳо аз рўи Офертаи мазкур инҳо ба ҳисоб мераванд:

1.3.1. аз ҷониби “ТАМВИЛ”  баровардани Пулҳои электронӣ; ва/ё

1.3.2. истифодаи Пулҳои электронӣ аз ҷониби Мизоҷ; ва/ё

1.3.3. пардохти пулҳои электронӣ тариқи мубодилаи онҳо ба воситаҳои пулии нақдӣ ва/ё ғайринақдӣ гузаронидани онҳо ба суратҳисоби бонкии Мизоҷ; ва/ё

1.3.4. пардохти Пулҳои электронӣ ва интиқоли мибаъдаи онҳо ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт.

Ҳангоми агар Мизоҷ дар муддати амали Шартнома Пардохтро бо истифодаи Пулҳои электронӣ амалӣ нанамояд (дар ҳаргуна шакле, ки дар б.б.13.1.-1.3.4. Офертаи мазкур пешбинӣ шудааст), натиҷаи иҷрои Хизматрасонӣ ба Мизоҷ баровардани аз ҷониби “ТАМВИЛ”  Пулҳои электронӣ ва ифодаи онҳо дар Тавозуни Ҳамёни электронӣ ба ҳисоб меравад (бо тарҳи комиссия, ки ба “ТАМВИЛ”  барои хизматрасониҳо таалуқ дорад, вобаста бо барориши Пулҳои электронӣ мутобиқи тарифҳои “ТАМВИЛ”  (ҳангоми ситонидани чунин) мутобиқи Замимаи №1 ба Офертаи мазкур) ба маблағи аз ҷониби Мизоҷ ба фоидаи “ТАМВИЛ”  воситаҳои пулии воридшуда.

 

2. Тартиби иҷрои Хизматрасониҳо.

2.1. Мизоҷ ба фоидаи “ТАМВИЛ” воситаҳои пулиро бо мақсади дастрас намудани Пулҳои электронӣ ва пурра намудани Тавозуни Ҳамёни электронӣ на зиёда аз 1000 (як ҳазор) сомонӣ, тариқӣ ворид намудани воситаҳои пулӣ тавассути Терминал, хазинаи “ТАМВИЛ” /Шарик/Агент дар Нуқтаи қабули пардохт ва/ё ҳамагуна дигар тарзҳои дастраси пешбининамудаи қоидаҳои Хизматрасонии ҳамени тэлектронии «Атласпэй» ворид менамояд.

2.1.1. Тасдиқӣ қабули пулҳо аз ҷониби “ТАМВИЛ”, ки аз ҷониби Мизоҷ барои пайдо намудани Пулҳои электронӣ тибқи банди 2.1. Шартнома ворид шудаанд, аз ҷониби Мизоҷ пайдо намудан/гирифтани расиди электронӣ дар интерфейси Ҳамёни электронии Мизоҷ мебошад. Ҳамзамон Пулҳои электронӣ аз лаҳзаи аз ҷониби “ТАМВИЛ” ба муомилот бароварда шуда аз лаҳзаи ифодаи иттилоот оиди маблағи дастрас Пулҳои электронӣ дар Ҳамёни электронии Мизоҷ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳолатҳои ғйриқонунӣ баровардани Пулҳои электронӣ шартҳои банди мазкур истифода намешаванд.  

2.2. Аз лаҳзаи бастани Шартнома бо шартҳои Офертаи мазкур ва аз ҷониби Мизоҷ ворид намудани воситаҳои пулӣ ба фоидаи “ТАМВИЛ”  мутобиқи б. 2.1. ва б. 2.1.1. Офертаи мазкур, “ТАМВИЛ”  ба худ ўҳдадориҳои ҳатмӣ ва бебозхости пулиро оид ба пардохти Пулҳои электронии баровардааш мутобиқ бо нархи номиналии онҳо бо сомонӣ, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи б.2.8. Шартнома), инчунин аз рўи иҷрои Хизматрасониҳо ба Мизоҷ, қабул менамояд. Барои иҷрои муносиби Хизматрасониҳо, “ТАМВИЛ” ўҳдадор аст, ки Пулҳои электрониро дар ҳаҷми маблағе, ки аз ҷониби Мизоҷ воситаҳои пулӣ пешакӣ ворид шудаанд, бо тарҳи комиссияе, ки ба “ТАМВИЛ” мутобиқӣ тарифҳои “ТАМВИЛ” таалуқ дорад (ҳангоми ситонидани чунин), вале на зиёда аз маблағе, ки дар б.2.1. Офертаи мазкур пешбини шудааст, барорад ва дар Тавозуни Ҳамёни электронӣ ифода кунад.

2.3. Ҳуқуқи талабе, ки Мизоҷ аз лаҳзаи бастани Шартнома пайдо менамояд, наметавонанд аз ҷониби Мизоҷ ба шахсони сеюм дода шавад.

2.4. Иҷрои Хизматрасониҳо аз ҷониби “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ инҳоро дар бар мегиранд:

2.4.1. Пайдо намудани Пулҳои электронӣ бо роҳӣ:

- бақайдгирӣ аз ҷониби Истифодабаранда дар Хизматрасонии Ҳамёни электронӣ бо шартҳои қоидаҳои истифодабарии ҳамени электронии «Атласпэй»;

- аз ҷониби истифодабаранда тавассути Терминалҳо ё дигар тарзи дастрас ба фоидаи “ТАМВИЛ” ворид намудани воситаҳои пулӣ ба маблағи мутаносибан ба нархи номиналии Пулҳои электронии пайдо шаванда (бо тарҳи комиссияи “ТАМВИЛ” (ҳангоми ситонидани чунин аз рўи эквайринг);

2.4.2. Истифодаи Пулҳои электронӣ аз ҷониби Истифодабаранда тариқи зерин амалӣ мегардад:

- гузаронидани Пулҳои электронӣ аз ҷониби Мизоҷ ба дигар Иштирокчии низом ба сифати пардохт аз рўи аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ, ки дар он Пулҳои электронӣ ба сифати воситаи Пардохт баромад менамоянд.

2.4.3. Пардохти пулҳои электронӣ тариқи зерин амалӣ мегардад:

- аз ҷониби “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ гузаронидани пулҳои нақдӣ тавассути хазинаи “ТАМВИЛ” ҳангоми ҳузури шахсӣ ба “ТАМВИЛ”, ҳангоми риояи шартҳои дар банди 2.7. Офертаи мазкур муқарраршуда;

- ғайринақдӣ гузаронидани пулҳо ба суратҳисоби Мизоҷ, ки аз ҷониби Мизоҷ қайд шудааст. 

2.5. Пардохти ҳуқуқи талаби Мизоҷ ба “ТАМВИЛ”, ки дар натиҷаи аз ҷониби Мизоҷ ба даст овардани Пулҳои электронӣ ва пурра кардани Тавозуни Ҳамёни электронӣ (б.2.2. Офертаи мазкур) пайдо мегардад, бо яке аз тарзҳои зерин амалӣ мегардад:

2.5.1. Дар дилхоҳ лаҳзаи вақт дар муддати Мўҳлати амали Шартнома, ки бо шартҳои Офертаи мазкур баста шудааст, Мизоҷ ба “ТАМВИЛ” ё дигар шахси салоҳиятнокшудаи “ТАМВИЛ” Супоришро оиди амалӣ намудани Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ месупорад, ки бо ин ба “ТАМВИЛ” барои амалӣ намудани амалиётҳои супориши зерин медиҳад:

2.5.1.1. Пардохти комиссия, ки ба “ТАМВИЛ” таалуқ дорад барои иҷрои хизматрасониҳо, вобаста бо барориш, истифодабарӣ ва пардохтӣ Пулҳои электронӣ мутобиқи тарифҳои “ТАМВИЛ” (ҳангоми ситонидани чунин, мутобиқи Замимаи №1 ба Офертаи мазкур).

2.5.1.2. Амалӣ намудани пардохт ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт мутобиқи реквизитҳои аз ҷониби Мизоҷ қайдшуда (б.3.1.5. Офертаи мазкур).

2.5.1.3. Маблағи умумии талаботҳои ба “ТАМВИЛ” аз ҷониби Мизоҷ пешниҳодшуда (б.2.5.1.1. ва . 2.5.1.2. Офертаи мазкур) наметавонад аз бақияи дастраси Тавозуни Ҳамёни электронӣ зиёд бошад.

2.5.1.4. Мизоҷ барои дурустии иттилооте, ки дар Супориш оид ба амалӣ намудани Пардохтҳо бо истифодаи Пулҳои электронӣ қайд шудаанд ҷавобгар намебошад ва ҳуқуқ надорад, ки ба “ТАМВИЛ” ягон норозигӣ вобаста бо иҷроиши номатлуби ўҳдадориҳои худ аз ҷониби “ТАМВИЛ” тибқи Шартнома, ҳангоми ишораи маълумотҳои нодуруст дар Супориш оид ба амалӣ намудани Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ пешниҳод намояд.

2.5.2. Дар дилхоҳ лаҳзаи вақт дар муддати Мўҳлати амалӣ Шартнома, ки бо шартҳои Офертаи мазкур баста шудааст, Мизоҷ

Пардохтҳоро бо истифодаи Пулҳои электронӣ ба “ТАМВИЛ” ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт тариқи ба Қабулкунандаи пардохт ё намояндаи қонунии ў (мутобиқи шартномаи басташуда) гузаронидани Пулҳои электрониро амалӣ менамояд.

2.6. Ўҳдадориҳои “ТАМВИЛ” дар назди Мизоҷ аз лаҳзаи аз эътибор соқит донистани воситаҳои пулӣ ба миқдори Пардохт аз ҳисоби муросилотии (бонкии) “ТАМВИЛ” ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт мутобиқи реквизитҳое, ки аз ҷониби мизоҷ мутобиқи б.3.1.5. Офертаи мазкур пешниҳодшуда ё аз лаҳзаи аз эътибор соқит донистани Пулҳои электронӣ аз Тавозуни Ҳамёни электронии Истифодабаранда ба фоидаи дигар Иштирокчии низом дар ҳаҷми пурра иҷрошуда ба ҳисоб мераванд.

2.6.1. Тасдиқи амалӣ намудани пардохт аз ҷониби Мизоҷ бо истифодаи Пулҳои электронӣ аз ҷониби Мизоҷ пайдо намудан/гирифтани расиди электронӣ дар интерфейси ҳамёни электронии Мизоҷ дар шакли мутобиқи Замимаи№4 ба Офертаи мазкур, мебошад.

Дар ин ҳолат Пулҳои электронӣ аз ҷониби “ТАМВИЛ” аз лаҳзаи ифодаи иттилоот оиди маблағи дастраси Пулҳои электронӣ дар Ҳамёни электронии Мизоҷ ба муомилот баровардашуда ҳисоб мешавад. Дар ҳолатҳои ғйриқонунӣ баровардани пулҳои электронӣ шартҳои банди мазкур истифода намешаванд.

2.7. Аз ҷониби Мизоҷ пешниҳод намудан ба пардохти Пулҳои электронӣ бо мақсади ба даст овардани маблағи баробари воситаҳои пулии нақдӣ дар дилхоҳ лаҳзаи вақт дар муддати Мўҳлати амалӣ Шартнома тибқи муроҷиати Мизоҷ – соҳибӣ Пулҳои электронӣ (шахси воқеӣ) шахсан ба ҶДММ ТАҚХ “ТАМВИЛ” , ки дар суроғаи, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 127 ҷойгир аст (дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ”  қайд шудааст), пас аз гузаштани марҳилаи мушаххаскунӣ (пешниҳоди ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият), инчунин бо назардошти тасдиқи ҳуқуқ ба бақияи Пулҳои электронӣ дар Тавозуни Ҳамёни электронӣ аз ҷониби Мизоҷ (тариқи пешниҳоди нусхаи аслии шартнома бо оператори алоқаи мобилӣ, ки ҳуқуқхои Мизоҷро барои истифодабарии Рақами абонентӣ тасдиқ менамояд), амалӣ мегардад. Маълумоти пурра оиди тарифҳо, шартҳо ва тартиби пардохти Пулҳои электронӣ дар шакли мубодила ба маблағи баробари номиналии воситаҳои пулии нақдӣ дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” ҷойгир карда шудаанд.

2.8. Ҳангоми агар дар лаҳзаи ба итмом расидани Мўҳлати амалӣ Шартнома Тавозуни Ҳамёни электронӣ мусбӣ мебошад, бақияи Тавозуни Ҳамёни электронии аз ҷониби Мизоҷ дар мўҳлати пас аз 3 (се) сол ва бе комиссия талаб нашуда ба фоидаи “ТАМВИЛ” аз эътибор соқит дониста мешавад.

3. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои Тарафҳо.

3.1. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои Мизоҷ:

3.1.1. Мизоҷ ҳуқуқ дорад ба Шартнома тариқи амалӣ намудани амалҳои конклюдентӣ, ки дар б.6.2. Офертаи мазкур муайян шудааст бо мақсади қабули шартҳои оферати мазку рва бастани Шартнома ҳамроҳ шавад.

3.1.2. Мизоҷ ҳуқуқ надорад ҳуқуқи талабро ба “ТАМВИЛ” ба шахси сеюм диҳад, ки вобаста ба даст овардани Пулҳои электронӣ ва пурра намудани Тавозуни Ҳамёни электронӣ пайдо гаштаанд.

3.1.3. Мизоҷ ўҳдадораст саривақт ва дар ҳаҷми пурра бо шартҳои Офертаи мазкур, инчунин тағйироту иловаҳо ба Шартнома, ки аз ҷониби “ТАМВИЛ” тибқи тартиби моддаи 6 «Тартиби бастан, тағйир ва қатъ намудани Шартнома» муқарраргардидаи Офертаи мазкур шинос шавад.

3.1.4. Мизоҷ тасдиқ менамояд, ки ў дар қобили амал маҳдуд карда нашудааст, зери васояту парасторӣ, инчунин ҳимоя (патронаж) қарор надорад, аз рўи ҳолати саломатӣ метавонад мустақилона ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро амалӣ ва ҳимоя намояд, ба дарди бемориҳое, ки дарк намудани мазмуни Шартномаи басташуда ва ҳолатҳои бастани онро монеъа менамоянд гирифтор намебошад.

3.1.5. Мизоҷ ҷавобгарии шахсиро барои дурустии маълумот оиди зерин ба худ мегирад: - Қабулкунанадаи пардохт, ки нисбати он Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ амалӣ мешаванд; - реквизитҳои пардохтие, ки таъиноти Пардохтро мушаххас мекунанд (ба монанди рақами телефонии абонентӣ, рақам ва санаи шартнома байни Мизоҷ ва Қабулкунандаи пардохт, дигар реквизитҳо, вобаста аз он, ки кадом маълумот бояд ҳангоми амалӣ намудани пардохт зери пешниҳод қарор мегирад); -  маблағи пардохт; ва ғ. Ҳангоми маълумоти носаҳеҳ қайдшуда “ТАМВИЛ”  барои аз ҷониби Мизоҷ номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои охирин дар назди Қабулкунандаи пардохт ҷавобгар намебошад.

3.1.6. Ҳангоми талафоти ҳомилҳои электронӣ, ки дастрасиро ба Ҳамёни электронӣ таъмин менамоянд, ва/ё истифодаи ғайриқонунии Ҳамёни электронӣ аз ҷониби шахсони сеюм Мизоҷ ўҳдадор аст, ки фавран ба “ТАМВИЛ” тариқи ирсол намудани маълумотномаи дахлдор ба суроғаи почтаи электронии:info@tamvil.tj  огоҳ намояд. Мизоҷ ҳуқуқ дорад воситаҳои пулии дар Ҳамёни электрони бударо танҳо дар ҳолати бақайдгирии пурра ва ворид намудани маълумотҳои дақиқ, нақди гардонад.

3.1.7. Мизоҷ ҳуқуқ дорад дар ҳама дилхоҳ лаҳзаи вақт дар муддати Мўҳлати амали Шартнома ба “ТАМВИЛ” барои пардохти Пулҳои электронӣ мутобиқи шартҳои б. 2.7. Офертаи мазкур муроҷиат намояд.

3.1.8. Мизоҷ ҳуқуқ дорад даъвоҳои хусусияти моддиро ба шахсе, ки ғайриқонунӣ баровардани Пулҳои электрониро амалӣ намудааст, пешниҳод намояд.

3.1.9. Мизоҷ ҳуқуқ дорад аз “ТАМВИЛ” ҳисоботеро, ки ҳамаи иттилоотро оиди амалиётҳое, ки Соҳибӣ Пулҳои электронӣ аз рўи Ҳамёни электронии худ анҷом додааст дархост намояд. Чунин ҳисобот дар шакли иқтибос мувофиқи Замимаи №3 ба Офертаи мазкур дар муддати 7 (ҳафт) рўзи корӣ аз лаҳзаи ирсол намудани дархост ба “ТАМВИЛ” дар интерфейси Ҳамёни электронии Мизоҷ

Пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи мазкур дар шакли иқтибоси электронӣ дар интерфейси утоқи шахсии Мизоҷ дарҷ мегардад.

3.2. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои “ТАМВИЛ”:

3.2.1. “ТАМВИЛ” ўҳдадор аст, ки ба худ ўҳдадориҳоро оид ба иҷрои Хизматрасониҳо дар доираи Шартнома аз лаҳзаи аз ҷониби Мизоҷ ба анҷом расонидани амалҳое, ки дар б.2.2. Офертаи мазкур пешбини шудаанд қабул намояд.   

3.2.2. “ТАМВИЛ” ўҳдадор аст, ки барориш ва пардохти Пулҳои электрониро амалӣ намояд, инчунин Пардохтҳоро бо истифодаи онҳо бо тартиб ва шартҳои дар б.2.5. Оферати мазкур пешбинишуда, амалӣ намояд.

3.2.3. “ТАМВИЛ”  ўҳдадораст талаботи Мизоҷро, ки дар б.2.5. Офертаи мазкур қайд шудаанд дар муддати 3 (се) рўзи бонкӣ аз лаҳзаи пешниҳоди онҳо ҳангоми риояи шартҳои зерин иҷро намояд: а) талаботҳо аз ҷониби Мизоҷ дар ҳаҷми баробар ба Андозаи талаботи пулӣ дархост шудаанд; б) талаботҳо аз ҷониби Мизоҷ дар меъёри Мўҳлати амали Шартнома дархост шудаанд; в) талаботҳо аз ҷониби Мизоҷ дар андозаи баробар ба бақияи Ҳамёни электронӣ бо тарҳи комиссияи “ТАМВИЛ”  (ҳангоми ситонидани чунин комиссия тибқи Замимаи №1 ба Офертаи мазкур) дархост шудаанд.

3.2.4. Ҳангоми риоя накардани ягон гуна аз шартҳое, ки дар б. 3.2.3. Офертаи мазкур муқаррар шудаанд “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад ба Мизоҷ дар қонеъ гардонидани талаботе, ки мутобиқи б.2.5. Оферати мазкур дархост шудаанд рад намояд.

3.2.5. Ҳангоми гузаронидани аз ҷониби “ТАМВИЛ” амалиётҳо вобаста бо барориши Пулҳои электронӣ ва амалӣ намудани пардохт бо истифодаи онҳо, “ТАМВИЛ” ўҳдадораст қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки Миллии Тоҷикистон ва Қоидаҳоро ба роҳбари гирад.

3.2.6.  “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад аз Мизоҷ барои барориш, истифода ва пардохти Пулҳои электронӣ мутобиқи тарифҳое, ки “ТАМВИЛ” муқаррар намудааст тибқи Замимаи №1 ба Офертаи мазкур (ҳангоми будани чунин) комиссия ситонад.

3.2.7. “ТАМВИЛ” дар назди Мизоҷ вобаста бо барориш, пардохт ва аз ҷониби Мизоҷ истифода намудани Пулҳои электронӣ ўҳдадор мебошад, инчунин ба худ ўҳдадории ҳатмӣ ва бебозхости пулиро оиди пардохти Пулҳои электронии аз ҷониби он баровардашударо мутобиқи нархи номиналии онҳо бо сомонӣ қабул менамояд. Шартҳои банди мазкур ҳангоми барориши ғайриқонунии Пулҳои электронӣ паҳн намегарданд.

3.2.8. Ҳангоми натавонистани амалӣ намудани пардохт ба фоидаи Қабулкунандаи пардохт бо сабабҳои аз “ТАМВИЛ” новобаста аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби Мизоҷ пешниҳод намудани маълумоти нодуруст (б. 3.1.5 Офертаи мазкур), “ТАМВИЛ” Мизоҷро бо роҳи ҷойгир намудани маълумоти дахлдор дар утоқи шахсӣ дар қисми мувофиқи web-итерфейси Ҳамёни электронии мизоҷ огоҳ менамояд.

3.2.9. “ТАМВИЛ” ўҳдадор аст, ки матни пурраи Офертаи мазкурро ва дигар маводҳои иттилоотию маълумотиро вобаста ба иҷроиши Хизматрасонии “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ (ҳангоми вуҷуд будан) дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” ҷойгир намояд.

3.2.10. “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад ба Офертаи мазкур тағйироту иловаҳои дахлдорро бо тартиби муқарраршудаи моддаи 6 «Тартиби бастан, тағйиру иловаҳо ва қатъи Шартнома» Офертаи мазкур ворид намояд.

3.2.11. “ТАМВИЛ” ўҳдадор аст, ки махфияти ҳамагуна иттилоотро, ки “ТАМВИЛ” аз Мизоҷ дар доираи татбиқи Шартнома дастрас намудааст, таъмин намояд.

3.2.12. “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад маълумотҳоро оиди соҳибон/реквизитҳои Ҳамёнҳои электронӣ ва маблағи Пулҳои электронӣ, ки дар Тавозуни Ҳамёнҳои электронӣ дарҷ гардидаанд, инчунин маълумотҳоро оиди амалиётҳо, ки бо истифодаи Пулҳои электронӣ дар асос ва доираи, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд фош намояд.

3.2.13. “ТАМВИЛ”  ҳуқуқ дорад аз ҷониби Мизоҷ амалӣ намудани Пардохтҳоро бо истифодаи Пулҳои электронӣ дар ҳолатҳои зерин боздошт намояд: а) гирифтани огоҳнома аз Мизоҷ; б) аз ҷониби Мизоҷ иҷро накардани ўҳдадориҳо, ки бо Офертаи мазкур пешбини шудаанд; в) аз ҷониби Мизоҷ амалӣ намудани Пардохтҳо бо риоя накардани талаботҳо ва шартҳои муайяншудаи истифодаи Пулҳои электронӣ; г) аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор ба Пулҳои электронии Мизоҷ дар асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс гузоштан.

3.2.14. “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад барориши Пулҳои электрониро ҳангоми барориши ғайриқонунии онҳо бо роҳи огоҳонидани Истифодабарандагон/Мизоҷон оиди чунин ҳолат пеш аз 3 (се) рўзи корӣ, тариқи ҷойгир намудани маълумот дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” манъ намояд. Дар ин маврид ҳамаи Пулҳои электронии баровардашуда (ғайриқонунӣ) пас аз ба итмом расидани мўхлати қайдшуда аз ҷониби “ТАМВИЛ” барои пардохт қабул карда намешаванд.

 

4. Ҷавобгарии Тарафҳо.

4.1. Ҳангоми иҷро накардан ва/ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои худ аз рўи Шартнома, Тарафҳо мутобиқӣ шартҳои Офертаи мазкур ва қонунугзории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

4.2. “ТАМВИЛ” барои иҷро накардан ва/ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои худ аз рўи Шартнома ҷавобгар намебошад агар чунин иҷро накардан ва/ё иҷрои номатлуб бо айби Мизоҷ ва/ё дигар Иштирокчиёни ҳисоббаробаркуниҳо пайдо шуда бошанд.

4.3. “ТАМВИЛ” барои иҷроиши номатлуб аз рўи Шартнома ҷавобгар намебошад, агар чунин иҷроиши номатлуб бо маълумотҳои нодурусти қайдшудаи Мизоҷ дар Супориш оиди амалӣ намдуани Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ алоқаманд бошанд.

4.4. “ТАМВИЛ” барои сифат, пуррагӣ, инчунин дигар таркибҳои истифодабарии молҳо (кор, хзматрасонӣ), аз ҷониби Мизоҷ пардохтшаванда бо истифодаи Пулҳои электронӣ, инчунин барои иҷрои ўҳдадориҳои Қабулкунандаи пардохт дар назди Мизоҷ, Пардохт ба ҳисоби пардохти онҳо аз ҷониби охирин бо истифодаи Пулҳои электронӣ амали гаштааст, ҷавобгар намебошад.

4.5. “ТАМВИЛ” барои аз ҷониби Мизоҷ риоя накардани шартҳои Офертаи мазкур ва Қоидаҳо нисбати амалӣ намудани Пардохтҳо ҷавобгар намебошад.

4.6. “ТАМВИЛ” барои иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо аз ҷониби Мизоҷ дар назди Қабулкунандаи пардохт, ҳангоми пешниҳоди нодурусти маълумот аз ҷониби Мизоҷ (б. 3.1.5. Офертаи мазкур) ҷавобгар намебошад.

4.7. “ТАМВИЛ” барои ҳамагуна хароҷотҳое, ки дар Мизоҷ пайдо гаштаанд вобаста ба он, ки Мизоҷ шинос нашуд ва/ё саривақт бо шартҳои Офертаи мазкур шинос нашуд ва/ё бо тағйирот ва иловаҳо, ки аз ҷониби Мизоҷ ба Шартнома бо тартиби пешбинишудаи моддаи 6 «Тартиби бастан, тағйир ва қатъ намудани Шартнома» Офертаи мазкур ҷавобгар намебошад.

4.8. “ТАМВИЛ” дар назди Истифодабаранда/Мизоҷ барои ғайриқонунӣ баровардани Пулҳои электронӣ бо назардошти риояи б.3.2.1.4 Офертаи мазкур ҷавобгар намебошад.

5. Шартҳои иловагӣ.

5.1. Муносибатҳои Тарафҳо дар доираи иҷрои Шартнома бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои дохилии “ТАМВИЛ”, Шартнома инчунин тағйиру иловаҳо ба он ба танзим дароварда мешаванд.

5.2. “ТАМВИЛ”, ё дигар шахси салоҳиятдори “ТАМВИЛ” мутобиқӣ шартномаи байни онҳо баста шуда барои баррасӣ муроҷиатҳои Мизоҷон/соҳибони Пулҳои электронӣ оиди истифодаи Пулҳои электрониро қабул менамояд ва дар натиҷаи баррасӣ шарҳҳо медиҳад.

5.3. Ҳамаи баҳсҳо ва гуногунфаҳмиҳое, ки байни Тарафҳо ва дигар Иштирокчиёни низом пайдо мегарданд, тариқи гуфтушунид ҳал мегарданд. Ҳангоми ба мувофиқа наомадан, тартиби ҳалли баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани Пардохтҳо бо истифодаи пулҳои электронӣ пайдо мешаванд, мутобиқи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомотҳои судӣ амалӣ мегарданд.

5.4. “ТАМВИЛ” ба Мизоҷ ҳамаи маълумоти оммавиро тариқи ҷойгир намудани он дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” пешниҳод менамояд, инчунин масъалаҳо ва даъвоҳоро вобаста бо Пардохтҳо бо истифодаи Пулҳои электронӣ баррасӣ менамояд.

5.5. Бо бастани Шартнома бо шартҳои Офертаи мазкур Мизоҷ барои аз ҷониби “ТАМВИЛ”  коркард намудани маълумотҳои шахсии онро, хусусан барои анҷом додани аз ҷумла амалҳои зерин: ҷамъоварӣ, систематизатсия, пурракунӣ, нигоҳдорӣ, аниқ намудан (азнавкунӣ, тағйирдиҳӣ), истифодабарӣ, паҳнкунӣ (инчунин додани онҳо), безикркунӣ, боздошт намудан, нобуд кардан, бо мақсади бо “ТАМВИЛ”  бастани шартномаҳо, иҷрои шартномаҳои басташуда, инчунин бо мақсади иҷрои талаботҳои санадҳои меъёри оид ба муқовимати қонунигардонии воситаҳои пулӣ, к ибо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, розигӣ медиҳад. Амалҳои зикршуда метавонанд бо истифодаи воситаҳои автоматизатсия амалӣ гарданд. Мизоҷ инчунин барои додани бо мақсадҳои анҷомдиҳии амалҳои пешбинишудаи банди мазкур аз ҷониби “ТАМВИЛ” маълумотҳои шахсии онро ва маълумотҳоро оиди амалиётҳо, ки бо истифодаи Пулҳои электронӣ анҷом дода шудаанд ба шахсони сеюм ҳангоми мавҷуд будани байни “ТАМВИЛ” ва чунин шахсони сеюм шартномаи басташуда розигӣ медиҳад.

5.6. “ТАМВИЛ” ўҳдадораст, ки ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсии Мизоҷ дар ҳаҷми пурра талаботҳои қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

5.7. Бо бастани Шартома бо шартҳои Офертаи мазкур Мизоҷ ба “ТАМВИЛ”  барои иҷро намудани даъватҳои овозӣ ҳуқуқ медиҳад, инчунин аз ҷониби “ТАМВИЛ”  ва дигар шахсони салоҳиятдори “ТАМВИЛ”  мутобиқи шартномаҳои бо онҳо баста шуда, sms-хабарҳо ба рақами Абонентие, ки аз ҷониби Мизоҷ ҳангоми бақайдгирии Ҳамёни электронӣ бо мақсадҳои зерин қайд шудаанд розигӣ медиҳад: а) баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ҳангоми анҷом додани Пардохтҳо бо истифодаи Пулҳои электронӣ; б) ирсол намудани дархостҳои иттилоотӣ оиди тасдиқи анҷом додани пардохт бо истифодаи пулҳои электронӣ; в) ба Мизоҷ ирсол намудани маълумот оиди вазъи Пардохт бо истифодаи Пулҳои электронӣ анҷо додашуда; г) ба Мизоҷ ирсол намудани маълумоти иловагӣ аз рўи супориши Қабулкунандаи пардохт, ки нисбати он Пардохт бо истифодаи Пулҳои электрони амалӣ гаштааст; д) ба Мизоҷ ирсол намудани маълумот оиди дигар хизматрасониҳо, ки аз ҷониби “ТАМВИЛ”  расонида мешаванд дар доираи иҷозатнома барои гузаронидани амалиётҳои бонкии ба он мутобиқи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, инчунин оиди аз ҷониби “ТАМВИЛ”  гузаронидани чорабиниҳо (аксияҳо), ҷори намудани маҳсулотҳои нав ва ғ.   

5.8. Бо бастани Шартнома бо шартҳои Офертаи мазкур Мизоҷ тасдиқ менамояд, ки ў бо шартҳои Офертаи мазкур ва қоидаҳои истифодабарии ҳамени электронии «Атласпэй» пурра шинос мебошад ва бе ягон мусодира ё маҳдудият онҳоро дар асосӣ ҳамроҳшавӣ қабул менамояд.

5.9. Қисми ҷудонашавандаи Офертаи мазкур Замимаҳои №1, №2, №3, №4, ва №5, Қоидаҳо мебошанд. Матни аслии Қоидаҳо дар Web-сомонаи “ТАМВИЛ” ҷойгир карда шудааст.

 

6. Тартиби бастан, тағйир ва қатъ намудани Шартнома.

6.1. Анҷом додани амалҳо аз ҷониби Мизоҷ, ки дар б. 6.2. Офертаи мазкур пешбини шудаанд аз ҷониби Мизоҷ пурра ва бечунучаро қабул намудани ҳамаи шартҳои Офертаи мазкур бе истисно ва бастани байни Мизоҷ ва “ТАМВИЛ” бо шартҳои Офертаи мазкур ба ҳисоб меравад.

6.2. Шартнома бо шартҳои Офертаи мазкур (б.6.1. Офертаи мазкур) аз лаҳзаи аз ҷониби Мизоҷ анҷом додани амалҳо ки дар б.2.1. Офертаи мазкур муайян шудаанд баста шуда ба ҳисоб меравад. Тасдиқи далели ворид намудани воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатӣ пардохти, ки аз ҷониби Мизоҷ дар лаҳзаи ворид намудани воситаҳои пулӣ гирифта мешавад, ки дар шакли Замимаи №5 ба Офертаи мазкур муқаррар шудааст, мебошад

6.3. Шартнома аз санаи аз ҷониби Мизоҷ анҷом додани амалҳо, ки дар б.6.2. Офертаи мазкур муайян шудааст мавриди амал қарор мегирад ва дар муддати 11 моҳ аз лаҳзаи аз ҷониби Мизоҷ анҷом додани Пардохти охирин тариқи Ҳамёни электонӣ амал мекуанд.

6.4. Мизоҷ бо он розӣ мебошад, ки “ТАМВИЛ” ҳуқуқ дорад дар дилхоҳ лаҳза бо тартиби яктарафа бе огоҳонии хаттии иловагии Мизоҷ ба шартнома ва Замимаҳо ба он инчунин тартиб ва шартҳои пуркунии Тавозуни Ҳамён и электронӣ инчуниин тартиби гузаронидани амалиётҳо, маҳдудият ба маблағ ва намуди амалиётҳо тағйироту илова ворид намояд. Тағйироту иловаҳои ба Шартнома қайдшуда пас аз 10 (даҳ) рўзи корӣ пас аз санаи интишорӣ таҳрири нави тағйиротҳои қайдшуда дар WEB-сомонаи “ТАМВИЛ” мавриди амал қарор мегиранд, инчунин “ТАМВИЛ” метавонад Мизоҷро оиди ин тариқи sms-хабар, ҷойгиркуни дар утоқи шахсӣ, дар қисмати муносиби web-интерфейси Ҳамёни электронии Мизоҷ огоҳ намояд.

6.5. Агар як ё якчанд муқаррароти Шартнома ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шуданд ё мебошанд, ин ҳолат барои манъ шудани амалҳои дигар муқарраротҳои Шартнома асос буда наметавонад. Муқарраротҳои беэътибор бояд бо муқарраротҳои иҷозатшуда дар муносибати ҳуқуқӣ бо мазмуни наздик ба ивазшаванда бояд иваз карда шаванд.

6.6. Шартнома пас аз итмоми Мўхлати амалӣ Шартнома бо таври атоматикӣ қатъ шуда ба ҳисоб меравад

7. Ном, ҷойгиршавӣ ва реквизитҳои ҶДММ ТАҚХ “ТАМВИЛ”.

7.1. ҶДММ ТАҚХ “ТАМВИЛ”, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 127, РМА-030015965, ҶСК “Ориёнбонк” ҳ/м: 20402972413691, МФО 350101369,

с/ҳ 22202972510101021401

 

 

 

Замимаи №1 БА ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ «ТАМВИЛ»

 

 

Тарофҳои «ТАМВИЛ»

Оиди амалиётҳо бо пулҳои электронӣ бо ҳамёни электронии “Атласпэй”

 

Намуди хизматрасонӣ

Тариф

1

Тариф барои коркарди ариза барои пардохти пулҳои электронӣ тариқи гирифтнаи пулҳои нақди тавассути хазина

 

1.1.

Тавассути хазинаи «ТАМВИЛ»

4%

 

 

 

Замимаи №2 БА ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ «ТАМВИЛ»

 

 

 

Расиди электронӣ оиди барориши пулҳои электронӣ (расиди электронӣ)

 

*******************************************************

«ТАМВИЛ»

БИК ____________

БИН ___________

Сана ва вақт (TJK) с-м.с 00:00:00.0

Рақами тартибии расид 0000000000

Маблағ (TJK) 00.0 TJS

Маблағи ПЭ баровардашуда (TJS) 00.0 TJS

Маблағи комиссия (TJS) 00.0

Рамзи амалиёт: 0000000000

Рақами ҳамён 00000000000

*******************************************************

 

 

 

 

Замимаи №3 БА ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ «ТАМВИЛ»

 

 

 

Иқтибос оиди амалиётҳои бо истифодаи пулҳои электронӣ иҷрошуда

 

Сана ва вақти амалиёт

Номгўи провайдера ва эзоҳи пардохткунанда

Маблағи пуркунӣ (чопи расид)

Маблағи аз эътибор соқитшуда (чопи расид)

1

2

3

 

                                Ҳамагӣ                                       Маблағи пуркунӣ        Маблағи соқитшуда

                                                                                     барои давраи               барои давраи

 

 

 

Замимаи №4 БА ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ «ТАМВИЛ»

 

Расиди электронӣ оиди амалиёти вобаста бо истифодаи пулҳои электронӣ иҷрошуда

 

*******************************************************

«ТАМВИЛ»

БИК ____________

БИН ___________

Сана ва вақт (TJK) с-м.с 00:00:00.0

Рақами тартибии расид 0000000000

Маблағ барои вордкунӣ (TJK) 00.0 TJS

Маблағи комиссия (TJS) 00.0

Рамзи амалиёт: 0000000000

Номгўи провайдера ХХХХХХХХХ

Рақами ҳисоб 0000000000

Рақами ҳамён 00000000000

*******************************************************

 

  

Замимаи №5 БА ОФЕРТАИ ОММАВӢ

ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ БО ИСТИФОДАИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ «ТАМВИЛ»

 

Ҳуҷҷати пардохтие, ки Мизоҷ ҳангоми ворид кардани воситаҳои пулӣ қабул менамояд

 

*******************************************************

«ТАМВИЛ»

РМА _____________

Расид: 0000000000

Саан: с-м.с 00:00:00.0

Оператор: Пуркунии “ТАМВИЛ”

Рақами телефон/ҳисоб: 00000000000

Гузаронида шуд: 00000

Рамзи амалиёт: 00000000000

Хадамоит дастгирӣ

Телефон: +992 44 600 00 00

e-mail: info@tamvil.tj  

***************************************************