Дар бораи ширкат

Ширкати ҶДММ «Нейрон» моҳи ноябри соли 2014 дар Тоҷикистон, шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. ҶДММ «Нейрон» — иштирокчии дараҷаи миллӣ дар бозори қабули пардохтҳо аз хонаводаҳо буда, дорои технологияҳои пешқадам ва таҷрибаи корӣ дар соҳаи пардохтҳо мебошад.

Дар вақти кор бо муштариён мо бо принсипҳои зерин амал мекунем:

  • Қулай ва осон
  • Боэътимод ва махфӣ
  • Фаврӣ ва дараҷаи баланди хизматрасонӣ
  • Усули инноватсионӣ

ҶДММ «Нейрон» ду маҳсулоти худиро ба истифода медиҳад:

«ТезПардохт» — яке аз аввалин ҳамёнҳои электронӣ дар Тоҷикистон барои пардохтҳои хизматрасониҳои хонагӣ (барқ, об, телефон, хизматрасониҳои коммуналӣ) ва дигар хизматрасониҳо (алоқаи мобилӣ, интернет, NGN ва ғайра). Ин хадамоти пардохткунӣ воситаи осон ва фаҳмо барои онлайн-пардохтҳои яккарата ва пуркунии ҳамёнҳо (аз он ҷумла, кортҳои бонкии VISA ва MasterCard, шабакаи васеи шӯъбаҳои хазинавӣ ва терминалҳо ) мебошад.

«Ҳисоб» — суратҳисоби ягонаи электронии хонавода, ки дар он ҳамаи хизматрасониҳои хонавода ва хизматрасониҳои дигаре, ки истифодабаранда пайваст намудааст, дар як ҳисоб ҷамъ карда, пешниҳод мешаванд. Ин барои Тоҷикистон лоиҳаи муҳим аст, зеро бори аввал дар таърихи кишвари мо татбиқ карда мешавад. Истифодаи “Ҳисоб” – қадами калон ба пеш, ҷаҳиш ба оянда мебошад!

Бартариҳои «Ҳисоб»:

  • Зуд

    Амалиёт дар давоми сонияҳои башумор иҷро мешаванд

  • Дасттрас

    Хизматрасонӣ шабу рӯз дастрас аст

  • Бехавф

    Иттилооти муштарӣ зери ҳимоя мебошад

  • Сарфакорӣ

    Система ба сарфа кардани пул ва вақт ёрӣ мерасонад

  • Мутаҳаррик

    Осонии истифода дар таҷҳизоти мобилӣ

  • Қулай

    Пардохтро дар терминалҳо, хазинаҳо, инчунин барномаи мобилӣ ва сайт анҷом додан мумкин аст.

Барои муштариёни мо хадамоти дастгирӣ кор мекунад, ки бо телефони
+992 44 600 0000, инчунин, дар сайт дастрас аст.
Мутахассисони мо ҳамеша тайёранд, ки ба ҳамаи саволҳои шумо ҷавоб диҳанд.