Истифодабарандагони мӯҳтарами ҳамёни электронии “ATLASPAY”,
Ташаккур, ки бо моед!
Дастаи мутахассисони мо ҳама чораҳои имконпазирро меандешад, то ки истифодаи хизматрасониҳои мо барои Шумо боз ҳам осонтар, қулайтар ва фоидаовар бошад!
Ба муштариёнамон якчанд имконияти гузаронидани пардохтҳои электрониро пешкаш мекунем:
1) Истифодабарандаи аз қайд гузашта метавонад пардохт кунад:
- аз тавозуни ҳамён. Барои ин лозим аст, ки: бо логини худ даромада, боварӣ ҳосил кунад, ки дар ҳисоб маблағ вуҷуд дорад, хизматрасонии лозимиро интихоб ва маблағи заруриро ворид карда, пардохт намояд!
- аз корти пластикӣ. Барои ин баъд аз ворид кардани маълумот оид ба пардохт (оператор, рақам, маблағ) ҳангоми интихоби манбаи пардохт “Корти бонк”-ро нишон дода, майдонҳои заруриро пур карда, пардохт намудан лозим аст.
2) Истифодабарандаи аз қайд нагузашта танҳо ба воситаи корти бонк пардохт намуда метавонад.