Саволу ҷавоб


• Ман ба ҳисобам пул мондам, аммо ҳоло ҳам наомадааст?
Ҳолати пардохтро бо пахш кардани ҳишораи Огоҳиҳо тафтиш карда метавонед. Агар мушкилие бошад, ба почтаи support@tezpardoht.tj дархост фиристонед — мутахассисони мо бо шумо барои ҳалли масъала пайваст хоҳанд шуд, ё ин ки ба хадамоти дастгирӣ занг занед (+992 44)600 00 00.


• Чеки пардохтро чи гуна гирам?
Нусхаи чекро шумо бо роҳи зерин чоп карда метавонед: Асосӣ – Пардохтҳо – Таърихи пардохтҳо – Интихоби пардохти зарурӣ – Чоп кардан.


• Мӯҳлати ба ҳисоб гузаштани пардохт чӣ қадар аст?
Ҳангоми кори дурусти терминал ва хизматрасониҳо пардохт ҳамон лаҳза мегузарад. Ҳангоми пайдо шудани проблемаҳои техникӣ пардохт дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи пардохткунӣ мегузарад.
Агар пардохт дар давоми 3 рӯз нагузарад, ба почтаи support@tezpardoht.tj дархост фиристонед — мутахассисони мо бо шумо барои ҳалли масъала пайваст хоҳанд шуд, ё ин ки ба хадамоти дастгирӣ занг занед (+992 44)600 00...


• Агар ман ҳангоми ворид кардани рақами пардохшаванда хато кунам, чӣ кор бояд кард?
Ҳолати пардохтро тафтиш кунед. Агар пардохт гузашта бошад, ба хадамоти дастгирӣ +992 44 600 00 00 муроҷиат карда имконияти дуруст кардани пардохтро аниқ кунед.


• Ҳамёнро чи тавр пур кардан мумкин аст?
Ҳамёнро бо чанд усул пур кардан мумкин аст:
- Терминали пардохт: Суратиҳисоби “Тезпардохт”-ро дар терминалҳо бе ҳаққи хизмат пур кунед ва маблағи воридкардаатон ба тавозуни Шумо дар ҳамёни электронии Тезпардохт мегузарад.
Қадамҳо:
1. Тугмаи Тезпардохтро дар терминал пахш кунед;
2. Рақаме, ки ба он ҳамёни электронии Тезпардохт ба қайд гирифта шудааст, ворид кунед;
3. Пулро ба пулқабулкунак дароред;
4. Ба воситаи СМС оид ба маблағи гузашта огоҳ шавед;
5. Гирифтани чекро фаромӯш накунед!
6. Ҳисоб дар Тезпардохт пур карда шуд! Метавонед, ки хизматҳоро пардохт кунед!
- Хизматрасонии хазинавӣ ё бо пули нақд: Пур кардани ҳисоби Тезпардохт дар хазинаи бонкҳо ва филиалҳо низ бе гирифтани ҳаққи хизмат иҷро мешавад.
Қадамҳо:
1. Ба шӯъбаи дилхоҳи Амонатбонк дароед;
2. Ба хазиначӣ оид ба нияти пур кардани ҳисоби ТезПардохт, инчунин рақами телефон (ки ба он ҳамёни электронӣ пайваст аст) ва маблағи пардохт шавандаро хабар диҳед;
3. Ба воситаи СМС оид ба маблағи гузашта огоҳ шавед;
4. Хизматҳоро пардохт кунед!
- Корти пластикӣ
Қадамҳо:
1. Ба сайти www.tezpardoht.tj дароед
2.Тугмаи “Пур кардан”-ро пахш кунед;
3. Дар Усули пардохт “Корти бонк”-ро интихоб карда майдонҳои заруриро пур кунед;
4. Ҳисоб пур карда шуд! Хизматҳоро пардохт кунед!
- Пур кардани як ҳамён аз дигараш
Қадамҳо:
Маблағгузаронӣ => Маблағгузаронии дарунӣ => Рақами телефонро ворид кунед=> Ҳамёни электронӣ => Давом додан


•Чӣ тавр аз обунаи фиристодани СМСҳои ҳамёни электронии Тезпардохт бароям?
Дар ҳишораи зерин метавонед аз обуна бароед


• Проблемаи ман дар кадом муддат ҳал хоҳад шуд?
Коркарди аввалии дархостҳо 24 соатро мегирад. 90% муроҷиатҳо дар як шабонарӯз ҳал мешаванд, аммо дар баъзе ҳолатҳо вақти зиёдтар лозим мешавад.


• Иқтибос оид ба амалиётҳо
Маълумотро дар бораи амалиётҳои худ дар як соли охир Шумо метавонед мустақилона дар қисмати АСОСӢ – ТАЪРИХИ ПАРДОХТҲО бинед. Агар барои давраи пештар ҳисобот лозим бошад, ба support@tezpardoht.tj дархост фиристонед.